БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сарсабзиву хуррамии Ватан мақсади асосии мост!

ЛЕВАКАНТ. Тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ҷамоати деҳоти Гулистон барои азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ, дар ин самт ҳавасмандгардонии соҳибкорон ва сокинон, дар якҷоягӣ бо сокинон  роҳи деҳаи мазкур ҳамвору сангфарш карда шуда, дар  ду тарафи  роҳ дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида шуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Суҳроб Валиев бо иштирокдорони корҳои хуррамгардонӣ  вохӯрда, дар бораи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳарф зада, қайд намуд, ки корҳои ободониву созандагӣ барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 аз ҷониби  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардида  истодаанд.

Сокинони ҷамоати деҳоти Гулистон  дастаҷамъона бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ иқдомҳои созандаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакантро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, зикр карданд, ки минбаъд низ барои боз ҳам ободтару шукуфонтар шудани маҳалли зисти худ саҳми назаррас мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg