
КУШОНИЁН. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Ибни Сино” Аксияи ҳизбӣ доир гардид.
Дар Аксияи ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ширкат варзида, аз ҷониби ташкилоти номбурда ба як нафар шахси ниёзманди ҷомеа Сангова Рушан маводи хӯрока ба маблағи 382 сомонӣ, аз қабили орд, равған ва картошка кӯмак карда шуд.
Икдоми неку ватандӯстонаи ҲХДТ-ро фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар оянда низ чунин корҳои хайру сахоро роҳандозӣ менамоянд.