БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо кору амалҳои созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста хоҳем гашт!

КӮЛОБ. Бо мақсади баррасӣ ва шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва самтҳои афзалиятноки  фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таваллудхонаи шаҳрӣ” мулоқот баргузор гардид.

Нахуст, кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар хусуси моҳияти Паём андешаҳояшро баён намуда, қайд карданд, ки барои беҳтар гардидани фаъолияти сохтору мақомотҳои дахлдор ва муайяну мушаххас кардани вазифаҳои ҳар як шаҳрванд, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26.12.2018 ироа гардид.

Ҳамзамон бо дарки масъулиятшиносии баланд аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таваллудхонаи шаҳрӣ” зимни баргузории Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” заминҳо ва зери дарахтонро нарм намуданд.

Дар навбати худ иштикрокчиён гуфтанд, ки Паёмро ҳамчун қутбнамое дар роҳи созандагӣ истифода хоҳанд бурд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg