БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

То ранҷ набарӣ, ганҷ ба даст наорӣ…

ЁВОН. Дар доираи ҷадвали тасдиқнамуда бо мақсади баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки  фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳандозии қисмати амалии Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  "Якҷоя ҳал мекунем!" ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "ҶСК Ориёнбонк" хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар назди ҷамъомадагон  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ширкат варзида, ҷаҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо аҳли заҳмати корхонаи мазкур суҳбати муфид доир намуданд.

Инчунин, пас аз баргузории хониши сиёсӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар наздибинои ташкилот корҳои  ободонӣ  ташкил карда шуда,  дар он кормандони  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ саҳми назаррас гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg