ДАНҒАРА. Дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатииҶумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки “Данғара” дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" корҳои ободонӣ ва зебогардонӣ дар назди ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаҳои ноҳия доир гардид, ки дар он аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар саҳми арзандаи хешро гузоштанд. Чунин корҳои ободонивубунёдкорӣ, кабудизоркунӣ дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо маром ҷараён доранд.