БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ватан ободиат ободии мост!

ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бахши Ҷавонон»-и ҷамоати шаҳраки Вахш бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ҳамзамон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Худойдод Ёров баромад намуда, қайд кард, ки имрӯз Тоҷикистони азизро бо иқдомҳои сатҳи ҷаҳонии сарвараш ва нангу номуси миллии мардумаш, ки ба ҷаҳониён дарси сулҳу созандагӣ медиҳад, мешиносанд ва эътироф менамоянд, вазифаи имрӯзаи мо аз он иборат аст, ки бо дарки масъулияти баланди ватансозӣ бо кору амалӣ ватандӯстонаамон барои ояндагон кишвари ободу осударо ба мерос гузорем. Новобаста аз касбу кор, шуғл, вазъи иҷтимоӣ ва ғайра вазифаи худро аз Паёми Пешвои миллат муайян намуда, баҳри пойдории давлатдории миллӣ сулҳу суботи сартосарии ҷомеа, таъмини пешрафти иқтисодиёти кишвар заҳмату талош намоем.

Дар охир тарбиятгирандагони мактаби варзишӣ якдилона ва дастаҷамъона ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  замини назди ташкилотро нарм ва тозаву озода намуданд.

Инчунин,  ба онҳо нашри махсуси нашрияи  «Ҳамрози халқ» дастрас карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg