БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиёни косалес дар пайи ҷустуҷӯи найрангҳои навбатӣ мебошанд

ВОКУНИШ.Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пшвои миллат, Президенти Ӌумҳурии Тоӌикистон бо воситаи Паёми  худ ба Маӌлиси Олии кишвар баҳри рушду таккомули кишвари азизамон Тоӌикистон дастуру ҳидоятҳои роҳнамосозро пешкаш менамояд. Воқеан рамзист, ки  санаи 26 декабри соли 2018 Паёми навбатии Пешвои миллат ба тамоми мардуми кишвар ва тоӌикони дунё як ҳаракати серборро ба вуӌуд овард. Ва мардум ба куллӣ дарк намуданд, ки рушди деҳот ин албатта пешрафту шукуфоии кишвар мебошад. Дар ин васила имрӯз мушоҳида мегардад, ки дар сар то сари кишвари азизамон корҳои ободонӣ ва созандагӣ бо маром идома доранд. Албатта ин ҳама кӯшишу талошварзиҳои Президенти кишварамон мебошад.

Вале мутаассифона ҳанӯз ҳам хоинону бадбинони миллату давлати мо дар зери пардаи сомонаҳои иӌтимоӣ маскан гирифтаанду мардумро, бахусус ӌавононро гумроҳ мекунанд.  Дар ибтидои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба сари мардуми мо душвориҳои зиёде бор гардид. Гирдиҳамоии бардавом ва ахиран сар задани ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро аз мероси давлати Шӯравӣ, ки ҳаққи ҳалоли давлат ва миллати мо буд, маҳрум сохт. Касе намедонист, ки сабабгори ин ҷангу ҷанҷол кист, дар пайи он чӣ мақсаде ниҳон аст.

Оқибат бадхоҳони давлат - наҳзатиён худро ошкор намуданд, онҳо барои бастани сулҳ шартҳо ба миён гузоштанд. Яке аз он шартҳо ба таври расмӣ шинохтан ва бақайд гирифтани ҳизби пинҳонкори наҳзати ислом буд.

Дар ибтидо на ҳама аз мақсади ниҳоии онҳо, ки ба сари қудрат омадану бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд, огоҳӣ доштанд. Ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 ин мақсадро ошкор сохт.

Кабирии косалеси хоҷагони хориҷӣ ва думравонаш маҷбур шуданд, ки барои раҳоӣ аз ҷазо бо роҳи пинҳонӣ аз Тоҷикистон фирор намоянд. Ӯ, ки умеди бозгашт ба Тоҷикистонро аз даст додааст, ба ҳар як роҳу восита туҳмату буҳтони бардурӯғро нисбати давлату миллати тоҷик паҳн менамояд. Ба ибораи дигар, аз тариқи ютубу шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш мекунад, рӯи нопоки худро дар домони поки миллати тоҷик тоза кунад.

Баъди баромади мубалиғи ин ҳизб Айёмиддин Сатторов ҳолати Кабирӣ ва пайравонашро тассаввур намудан душвор нест. Мисли он аст, ки онҳоро дар болои сӯзан ва оташи тафсон шинонидаанд.  

Аз фурсати муносиб  ба ҳама истифодабарандагони сомонаҳои иӌтимоӣ хоҳиш менамоям, дар истифодаи технологияи муосир ҳушёру зирак бошанд, ҳадди ақал фарҳанги истифодабарии интернетро риоя намоянд. То ҳар меҳмони нохонда вориди сомонаи шумо нагардаду ва шумо низ вориди сомонаҳои ашхоси номаълум ворид нашавед.

Абубакр Ӌалолов, мудири шуъбаи таблиӻот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иӌроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ                                      .

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg