БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саҳнаҳои Кабирӣ дар Паёмсирк шикаст хӯрд

ВОКУНИШ. Тамоми мардуми Тоҷикистон шоҳиди он ҳастанд, ки дар Ватани азизамон барои адо намудани ҳама рукнҳои мубораки дини мубини Ислом тамоми шароиту имкониятҳо мавҷуд буда, эҳтиёҷе ба ҲНИ надоранд. Воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри бистум, ки  бо дасти  наҳзатиҳои кӯрдил сар зада буданд, собит сохтанд, ки ин ҳизб  воқеан ҳам террористӣ- экстремистӣ ва ифротгаро буда, мақсад ба гумроҳӣ бурдани ҷавонони кишвар барои иҷро намудани амалҳои ҷинояткорона ва  ваҳшатонааш мебошад. Мардуми кишвар  бо чашми сар ва тану ҷон инро дида, ба хулоса омадан, ки мақсади онҳо нопок буда, набояд ба онҳо дигар пайравӣ кард ва ба ивази маблағҳои калон ба дассисаҳои онҳо дода нашаванд.

Ба наздикӣ шоҳиди он гардидем, ки  чор гурӯҳи аз нигоҳи сиёсӣ – террористӣ -як ташкилоти нави худро бо номи Паймони миллӣ таъсис дода, айни ҳол таблиғу ташвиқро аз номи дини мубини Ислом дар сомонаҳо идома дода истодаанд. Ин Паймони аҳдшикан бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва зердастони ӯ - ғуломони зархариди хоҷагони хориҷиашон шуда, нақшаҳои нави худро барои моил намудани ҷавонон таҳия намуда, бо роҳи фиреб ва дассисаю иғво идома дода истодаанд.

Аҷибаш он аст, ки бо ин дассисаву дурӯғҳояшон чӣ ба даст меоварда бошанд? Магар  Кабирӣ вакили парлумон ва Ҳоҷӣ Ҳалим муовини вазири мудофиа набуданд? Онҳо худашон қадру манзалати инсонии худро надонистанд, бо он ҳама молу мулке, ки доштанд қаноат накарданд. Барои амалӣ намудани нақшаҳои хоҷагон аз мансаб истифода намуда,  ба чашми мардуму Ҳукумати кишвар хок пошиданд.

Бо сабаби хиёнат ба Ватан, ба давлату ҳукумат ва мардуми он ҳоло дар хориҷи кишвар зери фармони хоҷагонашон иҷрокунанда шудаанд.

Ҳамарӯза хиёнату ҷинояти ин гурӯҳи террористӣ собиқ ҳизби наҳзати ислом ва хоҷагони хориҷии онҳо нисбати Тоҷикистон ифшо гардида, дастпарварону пайравони ҳизби наҳзат мазҳаби бегонаро қабул карда, мехоҳанд ба сари мардум бор  созанд. Ин аст, ки собиқ роҳбарони ТЭТ ҲНИ мазҳаби халқи худро фурӯхта, ғуломи мазҳаби бегона шуда, яъне «хоин – хоини Ватан, миллат» шуданд. Инчунин, онҳо тариқи сайтҳои ифротгарои наҳзатӣ атрофи далелҳо ҳарф мезананд. Мехоҳанд, ки нишон диҳанд, наҳзатиён террористу аҳли шиа нестанд. Аммо ҳамагон аз амалҳои шумо террористону шиаҳо огоҳ буда, ҳоҷат ба пинҳон кардан нест.

Аммо миллати сулҳпарвари тоҷик ба ҳарфҳои шумо дигар эҳтиёҷе надорад ва гӯш ҳам намедиҳад. Зеро тиннату ботини шумо аз амали инсоният дур аст. Барои пойдории сулҳ намегузорад, ки шумо лаҳзае даст ба ифроту тундгароӣ занед. Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмиллалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқӣ аҳолии  кишвар хусусан, ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Имрӯз дар Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби тавоною  пешбарандаи ҷомеа қувваҳои фаъол ва созандаро сарҷамъ намуда, боиси боло рафтани нуфузи сиёсии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ  гардидааст. Кор дар байни аҳолӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини зиндагонии шоиста ба мардум рисолати касбии ҲХДТ мебошад.

Мо аз нуктаҳои асосии суханрониҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯрию мулоқоташон бо мардум илҳоми тоза гирифта, ба хотири ояндаи нек сокинонро ба роҳи ростӣ ва дуруст сафарбар намоем.

 

 

Каримов Манзар, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg