БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо дуои саг аз осмон устухон намеборад...

ВОКУНИШ. Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Меҳри бузурги ин сарзамин мо ҷавононро  дар дилу дар ҷон аст. Сарзамини дилфиреб аст, макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шӯҳратмандони шӯҳратёр...

Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғд, Хатлону Бадахшон барин мавзеъҳои бузургу номдорро Ватан аст. Ватане, ки чун модари азиз дӯсташ медоранду эҳтиром мекунанд. Тоҷикистони бузург имрӯз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохаҳои пурқуввату бузургаш сояафкани ҳар гулу гиёҳи арзандаи ӯст ва меваҳои рангину лазизаш мардуми бонангу номус ва донишманду баори он машҳури дунё гаштаанд. Дар байни дигар давлатҳо имрӯз Тоҷикистон бо боигариҳои зиёду пурарзишаш, аз қабили пахта, гандум, об, ангишт, тилло, нуқра ва амсоли ин шуҳратёр аст.

Тоҷикистон кишвари пурганҷу пурэъҷоз ва пурсарвату бой аз захираҳои табиист. Илова бар ин НБО-ҳои машҳури он, ба мисли Варзобу Нораку Роғун бо иқтидори бузургашон ҳосилкунандаи қувваи бузурги барқианд, ки ақли бинандаро мафтун мегардонанд.

Иншоотҳои бузурги ин кишвари азиз дар ҳар гӯшаву канори он тақвиятдиҳандаю далели ҳамаи гуфтаҳои болоанд.

Мардуми тоҷик бо роҳбарии сарвари хирадманду сиёсатмадори шинохтаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи   нек раҳсипор  гардида, кишвари худро ободу зебо намуда истодаанд.

Ба кор даромадани чархаи аввали НБО –и Роғун шаҳодати боз ҳам қудратманд шудани кишварамон   гардид, ки боиси  хурсандиву сарафрозӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум аст.

Мо ҷавонони ин сарзамин дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолиятем. Имрӯз Тоҷикистон гулистони бехадду канор, маркази нуру маърифат, чаманистони дунёи орзуст. Тоҷикон чун миллати номдор, шуҳратманду ҷаҳонгард, маърифатдӯсту тавоноянд.

Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон    бахшида ба истиқболи  ҷашни  30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон     корҳои зиёди созандагиву бунёдкориро ба нақша гирифтаасту ба ин муносибат мактабу донишгоҳҳо, биноҳои серошёна, садҳо гулгашту хиёбонҳо, роҳу иншоотҳои бузург пайи ҳам бунёд ёфта истодаанд.

Ҳамаи ин навгониҳо, пешравиҳои Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ – ро  заифтару нотавон менамояд, зеро онҳо бадхоҳону душмани миллатамон мебошанд ва рушду  тараққии кишварамон чун хор ба   тани онҳо халида, нооромашон месозанд.

Роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ  баъд аз хиёнат кардан ба Ватан ва паноҳ бурдан ба зери домони хоҷагони худ, дигарбора бидуни хиҷолат сар бадар оварда, мехоҳад чеҳранамоӣ кунад. Дар “Гуфтугўйи ба ном рӯ ба рӯйи М. Кабирӣ”, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ 18 –уми январи соли ҷорӣ  пахш гардид, ин фарди касиф аз воқеияти рӯзгор фосила гирифта ва ба Тоҷикистон мутлақо бегона, бо худшефтагии ба ӯ хос, табли бечоранавозиро ба роҳ андохтааст. Хост худро тариқи “онлайн” ҳамчун роҳбари «Паймони зиддимиллӣ» муаррифӣ кунад.Ӯ худро тавре вонамуд сохт, ки гӯё маъсуму бегуноҳ, поку беолоиш, фарзонаву хирадгаро ва миллатдӯсту ватанпараст аст. Ҳар касе, ки сабти видеоии суҳбати ин нафари риёкорро,  тамошо мекунад, ба осонӣ пай мебарад, ки ӯ аслан дар андешаи нақшбозӣ аст.

Имрӯз бошад, Кабирӣ ҳар минбарро бо пуштибонии хоҷагонаш ба манфиати худу зиёни миллат истифода мекунад. Чанде пеш дар як конфронси САҲА дар Варшава гӯё аз худу ҳаммаслаконаш дифоъ мекард. Гуноҳи нобахшидании худу аъзояшро рӯйпӯш карда, иддао менамуд, ки ин корҳо гӯё аз ҷониби мақомоти кишвар амалӣ шуда истодаанд. Аммо, ҳақиқат барои халқ ошкор аст, ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳи сохтаву дурӯғини Кабирӣ нест.

Дар воқеъ боиси тааҷҷуб аст, ки ин қабил афрод бо ин ҳама носипосиву риёкорӣ ва фитнаангезӣ ва иғвогарӣ ҳанӯз ҳам худро ҳомии миллат, дину мазҳаб ва одобу ахлоқи исломиву арзишҳои инсонӣ муаррифӣ кардан мехоҳанд.

Имрӯз ҳамаи халқи Тоҷик  таҳқиру хиёнатҳои гурӯҳбозу гурӯҳаке, афсонахониву туҳматҳои ғаразноки бепаймонони паймоншикани наҳзатӣ тавқи лаънат баста, онҳо ҳамчун  воизони дурӯя ва хизматгору зархариди хоҷагони   хориҷӣ медонанд. Рақибҳои мо бо муборизаи ноодилона, “бозсозиҳои нав”, “бо ҷои худро аз нав пайдо намудан” ба ҷое нахоҳанд расид ва намерасанд.Ҳамагӣ медонем бо дуои саг аз осмон устухон немеборад.

 

Шеров Суннатулло, мутахасиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён                                                

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg