БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ…

Ш.ШОҲИН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи   Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Зебунисо» тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.  Дар вохӯрӣ Неъматов Абдуҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин    ва Қурбонзода Шифо сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Овози халқ»  иштирок дошта,  дар бораи нуктаҳои  асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  эълон гардидани солҳои 2019-2028 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳунару ҳунармандӣ, ҷалби ҷавондухтарон ба касбу ҳунарҳои мардумӣ  суханронӣ  намуданд.

Инчунин, дар  идомаи суҳбат масъулин атрофи  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  андешаронӣ карда, ҷамъомадагонробарои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ раҳнамоӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg