БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар асоси талаботҳои Паём хизматрасонии бонкиро хуб ба роҳ мемонем!

ХОВАЛИНГ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Амонатбонк  гузаронида шуд,  аъзои ташкилот аз баромади мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифҷон Набиев  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маълумоти муфассал пайдо намуданд. 

Шарифҷон Набиев дар баромадаш нуктаҳои асосии Паём ва вазифаҳои аз он барояндаро, алалхусус он вазифаҳое, ки дар назди кормандони соҳаи бонкдорӣ гузошта шудааст, шарҳ дода, аъзои ҲХДТ-ро барои иҷрои дигар самтҳои  афзалиятноки фаъолиятиҲХДТ, мубориза бо терроризм, нашъмандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ,   пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, риояи фарҳанг ва урфу одати миллӣ,   истифодаи мақсаднок аз теҳнологияи муосир ва дигар самтҳои мазкур ҳидоят намуд.

Дар хониши сиёсӣ раиси ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк»  Рустам Собиров, котиби ташкилоти ибтидоӣ Гулаҳмад Холов ва чанде дигарон баромад намуда,  қайд карданд, ки хидматрасонии бонкиро дар асоси талаботҳои бамиёнгузоштаи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, нақши ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои ҳизбро дар бунёдкорию созандагӣ, дар мубориза ба муқобили хатарҳои ҷаҳонӣ, душманони давлату миллат боз ҳам баланд мебардоранд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg