БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар ободии маҳалли худ саҳмгузор бояд буд!

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ваҳдат” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи  кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдураҳимова Фирӯза дар мавзӯъи “Ободии кишвар аз ободии маҳал сар мешавад” сухан намуда, сараввал оид ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар харф зада, зикр намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар  мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифта, бо пешниҳои Пешвои миллат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуда, баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳар як сокини кишвар саҳмгузор буда метавонад.

Дар фароварди вохӯрӣ барои иштироки фаъолона ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намудани чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар соли 2018 раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи  “Ваҳдат” бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg