ВОСЕЪ.Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии «Султони Кабир» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Манучеҳри Хуршед вохȳрӣ баргузор гардид.
Зимни вохȳрӣ Сафарова Ҳафиза атрофи самтҳои афзалиятноки фаолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда қайд кард, ки боло бурдани сатҳи сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маъориф мебошанд. Бинобар ин дар соҳаи маориф кадрҳои соҳибкасби омȳзгориро зиёд намуда, сатҳу сифати таълимро дар тамоми муассисаҳо бояд баланд бардорем.
Ҳамзамон Манучеҳри Хуршед аз кормандони ташкилоти ибтидоӣ барои иштирок дар Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал меунем!» даъват ба амал овард.
Дар охири вохȳрӣ 7 нафар кормандони фаъоли ташкилоти ибтидоии мазкур барои аъзо шудан ба ҲХДТ аризаҳои худро пешниҳод намуданд.