БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ояндаи фарзандони мо аз мактаб ва муассисаҳои томактабӣ вобаста аст!

БАЛҶУВОН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон тибқи ҷавдвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон, масъулини  Кумитаи иҷроия вохӯрии  навбатиро бо кормандони  кӯдакистони №1-и  “Парасту”-и ноҳия баргузор  намуданд.

Дар вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Муродова Марҷона иштирок дошта  оид ба самҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи ҳизб, расонидани мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, эъмин нигоҳ доштани кӯдакони кӯдакистон аз бемориҳои сироятӣ ва таҳти назорати доимӣ қарор додани кӯдакон андешаронӣ намуданд.

Масъулин дар рафти суханронӣ зикр намуданд, ки ояндаи дурахшони кӯдакони мо маҳз аз мактаб ва муассисаҳои томактабӣ  вобастагии зиёд дорад. Кӯдакистон дар тарбияи кӯдакон нақши хело муҳим дорад, чунки, ин кӯдакон ҷавонони ояндаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин ба ҳамагон маълум аст, ки  оянда давлат ва миллат ба насли ҷавон хоҳад монд. Бинобар ин аз оила оғоз карда, то ба муассисаҳои таълимиву кӯдакистон тарбияи кӯдаконро дуруст ба роҳ монда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ  тарбия созем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg