БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дасти дармондагонро гирифтан масъулияти ҳар як инсони бошараф аст!

Ҷ.БАЛХӢ.Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Обшорн”-и ҷамоати шаҳраки Балх ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимов Абдурасул, мудири шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Содиқова Меҳрубон, мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асоев Хизирдин ва намояндаи ҷамоати шаҳраки Балх Шоҳасанова Сафаргул, иштирок дошта, оид ба таълиму тарбияи фарзанд, дар бораи вазъи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомӯзӣ, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, бемории сироятии ВНМО, муқовимат бо коррупсия, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ки масъалаҳои болозикр аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бармеоянд, андешаронӣ намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии номбурда дар доираи иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ба як нафар маъюб маводи хӯрока ва дорувори кӯмак карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg