
КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Кушониён дар нимаи якуми соли 2019 ва ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии “Корхонаи давлатии фаръи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” вохӯрии худро доир карданд.
Сипас, Аксияи тарғиюботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро баргузор намуда, ба 6 нафар шахсони ниёзмандони ҷомеа ба маблағи 600 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва вазифаҳои навбатии ҳизбиён дар татбиқи ҳадафу мароми Паёми Пешвои миллат андешаронӣ карданд.