БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз масъулияти баланди ватансозии мо вобаста аст!

ШАҲРИТУЗ. Дар асоси ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи Меҳргони ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов бо мақсади баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Тибқи нақша дар деҳаи Меҳргон бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Шаропов Ҳомидҷон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз Норбутаева Кибриё ва раиси маҳаллаи деҳаи Меҳргон Абдураҳмонов Абдуғаффор корҳои ободониву созандагӣ баргузор карда шуда, дар он  хурду калони деҳа ба ҳашари умумӣ баромада, дар сангфарш кардани роҳи деҳа  камари ҳиммат бастанд.

Чунин иқдомҳои созанда баҳри ободонии маҳал дар оянда низ идома дорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg