БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои Паём - роҳнамои ободиву созандагӣ!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Зарзамин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Аксияи тарғиботӣ-амалӣ тахти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ХХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Асалмамадов Бекмамад, мутахассиси шуъбаи ташкили ва бахисобгирии КИ ХХДТ дар нохия Зайдуллоев Мухамадчон ва аъзоёну ҷонибдорони ташкилоти ҳизбии болозикр чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар фарҷоми чорабини Аксияи тарғиботии – амалии ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина  сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин бо қувваи сокинони маҳал обод кардани инфрасохтори маҳал баргузор карда шуд.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ин рӯз бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Зарзамин дар доираи Аксияи тарғиботи - амалии "Якҷоя ҳал мекунем" бехи дарахтон, гулу гулбӯтаҳо шинонида, замини назди ташкилотро нарм намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg