БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Созандагиву бунёдкорӣ ба хотири рушду нумуи Ватан

ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, раиси Кумитаи маҳаллаи деҳаи Боғистони ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи номбурда Ёрмадова Фотима дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии сокинон кўчаҳои деҳаи Боғистон сангфарш карда шуданд.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард шуд, ки мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон мекунем зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигаре обод намекунад-гуфтаанд дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мо барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худ татбиқкунии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорем. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Дар ин замина сангфарш кардани роҳҳои деҳа, тозаю озода намудани маҳалли зист ва дигар корҳои ободонию созандагӣ туҳфаи сазоворест ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg