БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Меҳнати софдилона моро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасонад

ТЕМУРМАЛИК.Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ҳамчунин  бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи  баргузории вохӯрию мулоқотҳо оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ”-и ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва нашри аввалини  махсуси  нашрияи ҳизбии  “Њамрози халқ”  аз ҷониби масъулин баррасӣ карда шуданд.

Баъдан  вобаста  ба  татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ”  кормандони он  ба ҳашари дастаҷамъона баромада,  дар назди бино корҳои сабзу  хуррамгардониро анҷом  дода, дарахтони  ҳамешасабзи  арча шинониданд .

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg