БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Беҳтарин хайр дасти ятимону дармондагон ва беморону бечорагонро гирифтан аст!

ЛЕВАКАНТ.Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба татбиқи қисмати амалии  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба якчанд оилаҳои маъюбу камбизоат кӯмаки яквақтаина расонида шуд.

Бо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзо ва  ҷонибдорони   ташкилотҳои ҳизбиро зарур аст бо ҷалби оммаи васеъи мардум корҳои  вобаста ба шакли анҷоми хайру сахо,  баъдан ба ятимону барҷомондагон дасти ёрӣ дароз кардан, шахсони саховатманде, ки  имконияташон бештар бошад роҳу пулҳо созад, мактаб бунёд намояд ва дигар хайрҳои ҷорияро ба манфиати мардум анҷом диҳанд.

Чунин амали хайр бо ташаббуси  раиси ташкилоти ибтидоии «Шабакаҳои барқӣ» дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Суҳроб Валиев ба 10 нафар оилаҳои ниёзманд, аз  ҷумла ба  Маҳсудинов Алиҷон маъюби гурӯҳи 1-ум, Исматова Занҷира, Валентина Криваног занони яккаву танҳо ва  оилаи Ғашовҳо  оилае, ки якчанд маъюби нобино ва дигар гурӯҳи маюбону ятимон маводҳои хӯрока харидорӣ намуда, ба манзилҳои истиқоматиашон дастрас карда шуда, аз ҳолу аҳволи онҳо аз наздик дидан намудан.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg