БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саҳми ташкилоти ибтидоии “Заводи таҷрибавӣ механикӣ” дар бунёди иншооти аср-НБО-и Роғун бузург аст

НОРАК. Расидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ ҳамчун ҳадафи муҳимми стратегӣ пайваста дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, тавре дар Паём зикр гардид, дар 10 соли охир иқтидори истеҳсоли низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 120 мегаВат зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, доир ба аҳамияти сохтмони НБО Роғун, нақши он дар дароз шудани умри НБО “Норак”, то 4 миллиард киловат/соат афзудани тавоноии нерӯгоҳҳои амалкунандаи масири дарёи Вахш ва лоиҳаи минтақавии КАСА-1000 андешаҳои таҳлилӣ пешниҳод карда шуд      

Имрўзҳо саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заводи таҷрибавӣ- механикӣ” дар сохтмони аср-НБО-и Роғун басо калон аст.  Барои таъмин бо ашёҳои сохтмонӣ, аз қабили арка барои сохтмони НБО-и Роғун, кисларод, арамасетка, барқарорсозии балонҳои мошинҳо, сехҳои  буручаткабарорӣ, электродбарорӣ, буриши металҳо, таъмири мошинҳо, шифербарорӣ ва ғайраҳо амал намуда, корҳои супоришшударо сари вақт ва босифат ба анҷом мерасонанд. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда Азимов Хуҷамурод дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбро сармашқи кори худ карда ҳарчи бештар ҷавононро дар соли равон ба ҷойҳои корӣ таъмин намудааст.   

Чи хеле ки Пешвои миллат дар Паёми худ масъулонро ба хизмати софдилона ба халқу миллат даъват кард ва ҳамзамон дар муроҷиаташ ба халқи шарифи Тоҷикистон муроҷиат кард, ки мо бояд шукргузор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ кунем, шукронаи сулҳу осоиштагӣ намоем.     Баҳри татбиқи суханҳои боло мо ҳизбиён дар ободии диёрамон саҳмгузор бошем ва барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” хизмати арзанда намоем.         

Инчунин раиси ташкилоти номбурда қайд намуд, ки то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода додани сехи истеҳсолии буручаткаи резинӣ ва таъмири ҷории бинои ташкилотро ба нақша гирифтаанд.                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg