БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Симои сокинони бомаърифатро дар деҳаи обод метавон дид!

ДӮСТӢ. Тибқи  ӌадвали  тасдиқгардидаи  Кумитаи  иӌроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Бадахшон»   бо   аъзову    ӌонибдорон    ва   сокинони деҳот вохӯрӣ доир гардид.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  зимни суханронӣ бандҳои  асосии  Паёми   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,   Президенти  Ӌумҳурии  Тоӌикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  доир  ба корҳои   созандагӣ  ва бунёдкорӣ бахшида ба ӌашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ӌумҳурии  андешаронӣ карда, дар ин васила мардумро баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда ба корҳои ободонӣ,  созандагӣ   ва ҳашарҳои дастаӌамъона сафарбар намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби фаъолони деҳот пешниҳод гардид,  ки  дар  ҳудуди  деҳа аз  ҳисоби  хоӌагии деҳқонии «Хони аъло» ба миқдори 6 садяк замин барои сохтмони майдончаи варзишӣ ӌудо гардида, мардум бо ҳашари дастаӌамъона баҳри солигардонии ӌавонону наврасони сохтмони иншооти варзиширо ба уҳда гирифтанд.   Раиси  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  деҳот   Бурҳонов Раҳмиддин  дар  якӌоягӣ  бо  сокинони деҳот оид ба  баргузории чунин вохӯрии судманд аз масъулин изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки мо ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат  ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  мебошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg