БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ МОСТ!

АНДЕША. Дар ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , даъвати панҷум 26 декабри соли 2018 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Паёми навбатии Пешвои миллат, ки фарогири ҳамаҷонибаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маданӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ ва амниятии кишвар  мебошад, бо зикри асоситарин дастовардҳои муҳиму таърихии соли 2018-оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», мавриди истифода қарор дода шудани чархаи аввали иншооти тақдирсози миллат-НБО «Роғун» ва ҳалли масъалаҳои дар давоми зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон шурӯъ гардид.

Баъди расидан  ба ҳадафҳои  стратегии миллӣ ҳисси ифтихор мардум  аз сиёсати созандаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон хеле боло рафт. Далели ин гуфтаҳоро  мо дар гуфтор, рафтор ва  чеҳраи ҳар як сокини кишвар мешунавем, мебинем ва мехонем.

Ҳалли   масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки  бо кӯшишҳои сарони ҳар ду давлат роҳи ҳалли худро ёфт, қаноатмандии сокинони ҳар ду кишварро ба амал овард. Дар ҳамин асос зарур аст, ки  ҳангоми бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ мардумро дар руҳияи  сулҳу субот, ҳамзистии осоишта, ҳамкории мутақобила  ва дӯстию рафоқат ба дигар  миллатҳо тарбия намоем.   

Пешвои миллат дар ироаи Паём таъкид намуданд, ки «Мо истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба  давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ- индустриалӣ  ба идустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонда истодаем»

Дар баробари ин боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, бо роҳи таъмини рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳсозии фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбудии вазъи бозори меҳнат аз ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурӣ дониста шуд.

Дар соли 2018 пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Шумораи онҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд 25 фоиз кам гардид.

Дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоили мусбат идома ёфта, аз ҷумла нишонаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид. Шумораи аҳолӣ аз 5, 4 миллион нафари соли 1990 ба 9, 1 миллион расид.    Дар назар аст, ки соли 2023 аҳолии кишвар ба 10 миллион нафар мерасад.

Ин ҳолат тақозо менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат диққати аввалиндараҷа дода шавад, -омадааст дар Паём.  Дар асоси ин вазифаи ба миёнгузоштаи Паём моро зарур аст, ки мардумро барои боз ҳам пурмаҳсултар меҳнат намудан, истифодаи боз ҳам беҳтару хубтари  обу замин ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ сафарбару руҳбаланд намоем.

Дар соли 2019 қисми даромадии буҷети  ҷумҳурӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 дар соли 2019 ба 24 миллиард расонида мешавад.

Дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш, илму маориф, суғуртаи иҷтимоӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва тандурустӣ аз 7,2 то 17,3 фоиз зиёд маблағ равона карда мешавад.

Нақшаи гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ- индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ як иқдоми шоиста, як паёми руҳбахш барои мардуми кишвар аст.

Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Пешвои миллат мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки саноаткунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Ҳамичунин дастур дода шуд, ки ашёи хоми дар кишвар истеҳсолшаванда бе коркард содирот карда нашавад. Ин иқдом амали саривақтӣ дар бобати ҳарчи бештар ба ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ мебошад. 

Тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ доир ба ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот имкон доданд, ки аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, асбобҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар дар давоми се соли охир қариб се миллиард сомонӣ ё 31 фоиз коҳиш дода шавад.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод шуд, ки солҳои 2019- 2021» Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» элон карда шавад.  Сокинони деҳот  бояд мақсад аз ин пешниҳодро донанд ва онро ҳам донанд, ки  ин иқдомот  дар ҳолати ба иҷро расонида мешавад, ки ҳар  як бошандаи диёр корро бо дили гарму руҳи созанда аз хонаи худ,  ҳавлӣ ва кӯчаи худ оғоз намояд.

Дар ин росто вазифаи мо ҳизбиён дар амри иҷрои аксияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» мардумро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ сафарбар намудан қарзи виҷдонӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳоло дар кишвар барои  беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ тамои шароиту имконият фароҳам оварда шудааст.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ манъ карда шуд. Инчунин пешниҳод шуд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон « 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ» амалӣ карда шавад.

Дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта ба истифода дода шуданд. Ҳоло Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ доир ба истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон дар ҷойи шашум мебошад. Дар ин росто муштариён бояд ба хубӣ донанд, ки аз тарафи онҳо  сарфа ва сариштакорона истифода шудани нерӯи барқ дар баробари сарфаи маблағи буҷаи оила саҳми шоиста дар расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ сохта ба истифода дода шуд. Танҳо дар соли 2018 дар мамлакат 200 километр роҳҳои дохиливу байналмилалӣ сохта шуда,  сохтмони 45 пул ба анҷом расонида шуд. Сохтмони роҳ, шабакаҳои долонҳои мошингузар,  пулҳо минбаъд ҳам давом мекунад.

Ҳадафи дигар, ки  ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Боиси тазакур аст, ки сол то сол заминҳои корами обӣ ва майдони заминҳои наздиҳавлигӣ зиёд мегардад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1миллиону 400 ҳазор нафар барои бунёди манзил замин ҷудо карда шудааст. Дар ин давра 7 миллион нафар сокинони кишвар шароити манзилии худро беҳтар намудаанд. Як фактро ба маълумоти мардум расонидан аз аҳамият холӣ нест, ки дар тӯли 70 соли то замони истиқлолият бо ин мақсад ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин тақсим карда шуда буд.

Дар Паём дар бораи сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи об, маориф (дар соли 2018 дар кишвар 151муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва зиёда аз 73000 ҷойи нишаст сохта ва ба истифода дода шуд- омадааст дар Паём,- пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид  фароҳам созем), тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон, такмили қонунҳо, консепсияи сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ сухан рафтааст.

Пешвои миллат   бурду бохти соҳаҳои номбурдаро таҳлил намуда, вазифаҳоро дар амри иҷрои вазифаҳои ба миёнгузошташуда баён намуда, таъкидан қайд намуданд, ки танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои муайяннамудаамон наздик менамоянд.

Изҳори  боварӣ намуд, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи бартараф намудани ҳамаи мушкилот ва иҷрои ҳама гуна амалҳои нек мебароянд.Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии арзандаи ҳар фарди Ватан шароити мусоид фароҳам меоранд.      

Вазифаҳои асосӣ ва аввалиндараҷаи  мо, вакилони Маҷлиси вакилони халқ   пеш аз ҳама ба мардум фаҳмонидани бандҳои Паёми роҳнамои Пешвои миллат  ва вазифаҳои  сокинони кишвар (новобаста, ки ӯ мансабдор аст ё бемансаб) дар амри иҷрои дастуру ҳидоятҳои  ин ҳуҷҷати ояндасоз мебошад.

Мо бояд нишондиҳандаҳои дар соли 2018 ба дастовардаро тарзе ба мардум фаҳмонем, ки он  боиси  боз ҳам ба даст овардан нишондиҳандаҳои аз ин ҳам балантар дар соли 2019 ва  руҳбаландии мардум барои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Паём гардад.  Боварии мардумро ба ояндаи нек зиёд гардонад. Ҳиссиёти ватандӯстии  онҳоро  боз ҳам баланд бардорад.

Неъматулло  Иброҳимзода, узви гӯрӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg