БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Асло намегузорем, ки ифротгароён тавассути мо ҷавонон мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ намоянд

ВОКУНИШ. Хатари ҷиддие, ки инсоният дар асри 21 ба он рӯ ба рӯ шудааст,   терроризм ва экстремизм буда, он на раҳму на шавқату на инсоният  дорад. Як гурӯҳ одамони манқурт ташкилотҳои террористиро ташкил намуда, барои иҷро намудани ҳадафҳои нопоки худ машғули амалҳои ифротию террористҳ мешаванд.

Барои ба ҳадафҳои сиёсҳ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистҳ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданҳ мешаванд, ки сиёсати давлатдорҳ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Ҳамин гуна гурӯҳи авбошони мардумфиреб бо сардории Муҳиддин Кабирҳ сараввал дар дохили кишвар низоъҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки бо амалҳои даҳшатбор анҷомид, ташкил намуд. Бо ин кирдорҳояш ҳам номи ҳизби наҳзатро бадном карду ҳам худ аз ҳама чиз маҳрум.

Аслан қурбони терроризм ҷавонон мешаванд. Бо мағзшӯи намудани онҳо ба гурӯҳҳои террористҳ шомил карда, бо маблағҳои калон барои иҷрои корҳои амалиаашон, яъне ҷиноят равон мекунанд.

Ҳоло ҳам роҳбарияти фирории ТТЭ ҲНИ бо маслиҳати хоҷагони худ талош мекунанд, ки ҳамроҳ бо намояндагони ташкилотҳои сунъии худсохтаи наҳзатӣ баъзе ҳадафҳои нопокашонро оид ба бадномсозии давлату мардуми Тоҷикистон амалӣ намоянд.

Агар ба таърихчаи сиёҳи наҳзатиён назар афканем, фаъолияташон нахуст ҳамчун “мусичаи бегуноҳ” аз мағзшӯии ҷавонони ноогоҳ оғоз гардида, баъдан ба қатлу куштор ва террори мардуми бегуноҳ анҷомид. Инак, пас аз муддате дар пушти пардаҳо машқи террор кардан, боз ба саҳнаи ҳангомаҳо ворид гардид.

Он намоишҳои тақаллубие, ки онҳо дар кишварҳои Аврупо нишон медиҳанд,   исботи онро мекунанд, ки онро ҳатто ҳизби наҳзат ҳам гуфтан мумкин нест, ҳатто ҳизби террористҳ ҳам бошад. Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофудин Гадоев ва Илҳом Ёқубов, ки гӯё чор гурӯҳи алоҳидаи “мухолифин”-ро намояндагӣ карданд, ҳамагӣ узви мафияи террористии наҳзат ҳастанд. Онҳо гурӯҳе иборат аз чор қаллоби мардумфиреб, роҳзанҳои сари роҳ ҳастанд, ки  номи нави аблаҳонаи худро “паймони миллҳ” номиданд. Инҳо ҳатто хоҷагони маблағғузори худро бо ин бозиҳояшон фиреб мекунанд.

Дар ҳодисаҳои Лаҳистони Варшава Кабирҳ мехост ин навбат на танхо бо костюми нав, балки бо арӯсони сиёсии нав ба саҳна ояд. Вале ҳайҳот ин бозии шатранҷи ӯ бар зарари худи онҳо шуд.  Ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум дигар манфиатҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст.

Дар ин росто фаъолони ҷомеа, хусусан нафароне, ки дар дунёи сиёсат таҷрибаҳои  зиёдро дидаанд, бояд ба ҷавонон ҳушдор диҳанд, ки аз ин қаллобон барҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷуҳ ба сирксозиҳои ин қаллобон бештар ба рушду ободии Ватан таваҷҷуҳ намоянд. Ин бадхоҳон аллакай лухтаки дасти бегонагон гаштаанд ва режисёри ин саҳнаи онҳо хоҷагони хориҷиашон ҳастанд. Мақсади ягонаашон бошад ноором кадани фазои сиёсии Тоҷикистон аст.

Ҷавонон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд, хеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.

Бо эътимоди қавӣ ва боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони кишвар аз шумо ва чунин иттиҳодияҳои ғайридавлатҳ, ки манфиатҳои хоҷагон ва хориҷиёнро пуштибонҳ менамоянд, худро дур гирифта, барои шомил нашудани ҷавонони дигар минтақаҳои мамлакат ва таъмини амнияти кишвар кӯшиш хоҳанд кард.

Мо ҷавонони тоҷик пуштибони сулҳу субот, ҳимоятгари мероси ниёгон ва муҳофизони дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварамон ҳастем.

Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалҳ Раҳмон буданд, ки ҷон ба каф гирифта, бо заҳмату талошҳои зиёд мардуми парешони тоҷикро зери як парчам, як давлат ва як мамлакат гирди ҳам оварданд ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳониданду давлати миллии тоҷиконро асос гузоштанд, ки тамоми давлатҳои абарқудрати дунё демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол ва мустақил будани онро эътироф карданд ва айни ҳол дар дунё Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати сарсабзу обод ва сулҳпарвару соҳибтамаддун шинохта мешавад.

 

Самиев Муҳаммад- Узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg