БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём дастури мукаммал ва мушаххаси фаъолияти мост!

АНДЕША.Халқи шарафманди Тоҷикистон бо самимияти беандоза муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар таърихи рӯзи 26.12.2018 ба мақоми олии қонунгузории мамлакат – Маҷлиси  Олӣ ироа гардида буд, қабул ва ҷонибдорӣ намуданд.

Дар воқеъ масъалгузориҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имрӯз ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон нақши муассир дорад. Дар асл Паём ҳамчун дастурамали мукаммал ва мушаххаси фаъолияти ҳар як сохтору идора, бахшҳои давлативу хусусии дар умум барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Паёми навбатӣ ибтидо гирифт аз дастовардҳо ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар соли 2018, оғози марҳилаи аввали пешниҳоди чоруми сатҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 дар масоили марбут ба об Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, беҳтар гардидани муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, расидан ба сатҳи шарикони стратегӣ, оғоз бахшидан ба фаъолияти чархаи аввалини Нерӯгоҳи барқи обии Роғун-иншооти аср,  татбиқ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат, расидан ба ҳадафи стратегии баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, ҳадафи чоруми стратегӣ қарор гирифтани саноатикунонии мамлакат, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, бунёди корхонаҳои гуногуни саноатӣ, фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, созандагиву ободкорӣ дар деҳот бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, андешидани татбирҳо дар самти тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ва рақобатпазир дар бозори озоди меҳнат, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, дар системаи маорифи кишвар баланд бардоштани сифати таълим ва таъмини мутахассисони соҳибкасби равияи омӯзгорӣ, ҷавонон нерӯи бузургу ояндасози давлату миллат, назорати иҷро ва риояи қатъии  қонунҳои миллӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, вазъи кунунии сайёра, муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳо интиҳо ёфт.

Ҳар як шунавандаи Паём, шаҳрвандони Тоҷикистон дар доираи масъалагузориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон акнун ба худ хулосаи ҷиддӣ мебароранд то ба рушди минбаъдаи оилаи худ ва Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошад.

Вазифаҳои кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар доираи масъалагузориҳои Паём ин пеш аз ҳама расонидани мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саъми аҳолӣ, пайваста гузаронидани хонишҳои сиёсӣ, даъват намудани аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати дар сатҳи сазовор истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ,  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”   чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ мебошад, ки дар ҳамин доира нақша-чорабиниҳои мушаххас тасдиқ гардида, бандҳои он татбиқ шуда истодаанд.

                                         

Каримов Пирмуҳаммад- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg