БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

2019-оғози ҳадафи чоруми миллӣ

Ш.ШОҲИН. Дирӯз кормандони масъули   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар маҳаллаи Синои ҷамоати деҳоти Шӯрообод тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба сокинон расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.

Зимнан  Неъматов Абдуҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  доир ба сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми навбатӣ бароянда,   суханронӣ  намуда, афзуд, ки майдони заминҳои корамро зиёд, яъне майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ беруншударо барқарор кунем, то ин ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ талаботи мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин созем.

Инчунин, узви фаъоли ҲХДТ Худойбахшов Ҳабибулло ба сухан баромада,  сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, аз натиҷаи рушди бемайлони хоҷагии ҳалқ ва беҳтару хубтар шудани сатҳи зиндагӣ дар деҳот изҳори қаноатмандӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg