БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Меҳвари Паём расидан ба зиндагии шоиста аст!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Файзи Хуросон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ оид ба нуктаҳои асосии  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  сиёсати дохилӣ ва хориҷии  кишвар, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолияти оғоз кардани агрегати якуми НОБ-и Роғун ва дигар самтҳои хоҷагии халқ  суханронӣ намуд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат  доир ба моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” сухан гуфта, ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ намудани  Аксияи ҳизбӣ даъват кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg