БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистонро бо меҳнати софдилона ба кишвари саноатӣ табдил медиҳем

НОРАК. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заводи оҳану қир»  оид ба  шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки санаи 26 дукабри соли 2018 ироа гардид ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Завди оҳану қир ” вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия   Ғуриева Муслима  ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Исмоилова Парвина оид ба  нуктаҳои муҳими   Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад намуда қайд карданд, ки Пешвои миллат  хадафи стратегие, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ин саноаткунонии  кишвар мебошад.

Пешвои миллат дар Паёми имсола саноатикунонии кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуда, таъкид карданд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22% расонида шавад. Дар ин муддат амалишавии нақшаи гузариши кишвар аз шакли аграрӣ ба индустриалӣ – аграрӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат  соли 2018-ро соли воқеан   таърихӣ  унвон намуданд. Зеро дар самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 бо оғози расмии татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии дар самти об, ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар самти сиёсати дохилӣ бошад, ба истифода додани агрегати якуми НБО-и Роғун ноил гардидааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg