
ДАНҒАРА.Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Филиали ҶСК “Агроинвестбонк” дар ноҳия хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи масъалагузориҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуданд.