БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободиву шукуфоии Ватан ва зиндагии босаодати сокинон ҳадафи асосии ҲХДТ

МӮЪМИНОБОД. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи Роҳсозӣ»-и ноҳия Мӯъминобод бо иштироки  аъзои ҲДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод Саидаҳмад Латифов ва дигар шахсони даъватӣ   иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Саидаҳмад Латифов дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, азҷумла  тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, амалҳои коррупсионӣ, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ,  рушд ва эёи анъанаҳои неку мардумӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, сарфаҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи он,  тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи баланди ватансозӣ ва худогоҳии миллӣ, сазовор ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуд.

Инчунин, дар идома  суҳбат мавсуф дар бораи моҳияти  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки ба шукуфоии Ватан зиндагии босаодати сокинон мусоидат мекунад, ҳарф зада, ҷамъомадагонро ба корҳои созанда даъват намуд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg