БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизмат ба халқу Ватан мароми мост!

ЛЕВАКАНТ.Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Шабакаҳои барқ”-и шаҳр хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия  Суҳроб Валиев, мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Шаҳло Шомудинова иштирок доштанд.

Сухани ифтитоҳиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷафар оғоз намуда,  иброз намуд, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, воқеан дастури раҳнамоест, ки ҳар як сокини кишварро ба меҳнати содиқонаву нерӯи бузурги ободкорона  раҳнамун  месозад.

Инчунин,  оид ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстиву меҳанпарварӣ бо истифода аз захираҳои бойи маънавию фарҳангӣ ва таҷрибаҳои таърихии миллати тамаддунофари тоҷик, эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, роҳҳои сафарбар кардани сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи босамар, сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ дар байни аҳолӣ бо истифода аз мисолҳои ҳаётӣ тавсияҳои асосноку муфид дод, ки ба иштирокчиён руҳияи баланди маънавӣ бахшид.

Дар охир ҳамаи иштирокчиёнро барои дастгирии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  ба иҷрои корҳои созандагию ободонӣ даъват намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg