БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём-омили муҳими рушди мамлакат аст!

КУШОНИЁН. Ба хотири огоҳии комил пайдо кардан аз муҳтаво ва нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Маркази дандонпизишки»  бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён вохӯрии  судманд баргузор гардид.

Масъулин зимни суханронӣ қайд намуданд, ки Паёми Пешвои миллат ба мақоми олии қонунгузории кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир бо таҳлилҳои дақиқу мушаххас пешниҳод гардид, ки ҳамасола ҳамчун дастурамал барои як сол роҳандозӣ шуда, моро ба зиндагии шоиста ҳидоят менамояд.

Баъд аз ҷамъомад аъзои ташкилоти ибтидоии номбурда  иброз доштанд, ки барои амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, махсусан дар соҳаи тандурустӣ-дандонпизишкӣ, ки омили асосии пешрафти мамлакат маҳсуб меёбад, саҳми босазо гузошта, баҳри зиндагии шоиста талош хоҳанд варзид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg