ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Авесто” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Авесто” мРаҳматов Хурсандшоҳ дар мавзӯъи “Ободии маҳал дар партави Паёми Пешвои миллат” сухан карда, қайд намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Бо пешниҳои Пешвои миллат солҳои 2019-2021 Солҳи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуда, баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҳар як сокини кишвар саҳмгузор буда метавонад.
Инчунин, дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдураҳимова Фирӯза дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баромад намуда, зикр кард, ки барои омода намудани мутахассисони варзида дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҷалби ҷавондухтарон ба таҳсил дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар тамоми шароитҳо муҳайё карда шуда, дар давом додани таҳсили ҷавондухтарон, касбомӯзии ҷавонписарон падару модарон шароит фароҳам созанд.