БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳизби созанда ва бунёдкор дар ҷомеа

ДАНҒАРА.Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати молия”-и ноҳияи Данғара бо иштироки Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар он мавсуф  атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, баланд гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва ММД, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои тундгаро, риояи қонунҳои миллӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карда,  ҷамъомадагонро ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки мақсаду  маромаш  хизмат ба халқу Ватан аст  даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg