
ШАҲРИТУЗ.Тибқи ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи Ориёни ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳия қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
Дар ин чорабинии ҳизбӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаропов Ҳомидҷон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Ачилдиев Турдимурод, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия Замонов Азиз иштирок намуда, мақсади гузаронидани ин Аксияи ҳизбӣ, ки дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандии сокинон, дар баробари он ободу зебо гардонидани маҳалли зист мебошад, фаҳмониданд.
Сокинони деҳаи Ориён боякдилӣ сарфарозӣ ба кӯчаҳои маҳалли худ баромада, дар тоза кардани ҷӯйю заҳбурҳои маҳалла саҳм гузоштанд.
Дар гузаронидани ин маърака саҳми аъзои ташкилоти ибтидоии деҳа, аз ҷумла раиси маҳалла Авазалиев Худойқул, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 Аҳёева Гулҷаҳон, духтури Бунгоҳи саломатии деҳаи Ориён Орипова Санамгул хеле зиёданд.