
ҶАЙҲУН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии давлатии об»-и ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ва нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад, раиси ташкилоти ибтидоии болозикр Сафолов Бахтиёр ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр баргузор гардид.
Зимнан Бекмамадов Асалмамад вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуда, қайд кард, ки: Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷомеа ба таври муфассал фаро гирифта шуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар соли ҷорӣ нишон дода шудаанд, дастури роҳнамо ба сўи ояндаи неки кишвар ба шумор меравад.
Ҳамчунин Бекмамадов Асалмамад зимни баромади худ қайд намуд, ки Паёми Президенти кишвар паҳлуҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандиро дар бар гирифта моро водор месозад, ки барои солҳои дигар барномаҳои кори худро матраҳ намоем, сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофиронро ба савияи боз ҳам баландтар бардорем.
Инчунин дар рафти чорабини мазкур дар доираи Аксияи ҳизбии таблиғотӣ-амалии ҳизби таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем" ба ду нафар аз оилаи камбизоат кӯмаки моддӣ расонида шуд.