
ҲАМАДОНӢ.Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Ориёно»-и ҷамоати деҳоти Чубек, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрӣ гузарониданд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кмитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон мекунем. Зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигаре обод намекунад, гуфтаанд дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Ориён» Шафиев Абдуқодир ва бо дастгирии сокинони деҳа аз назди кӯчаи Борбади ҷамоати шаҳраки Москва то маркази деҳа роҳ тахту ҳамвор ва сангфарш карда шуд.