БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои ободонӣ дар деҳот вусъат ёфта истодаанд

КУШОНИЁН. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҷиҳати амалӣ намудани  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён корҳои созандагию ободонӣ баргузор гардида истодааст.

Ин навбат корҳои ободонӣ дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол дар деҳаи Навкор баргузор гашт, ки дар он иштирокдорон бехи дарахту ниҳолҳоро нарм карда, ҷўйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза ва гирду атрофи деҳа ва оромгоҳи деҳаи  номбурдаро ба тартиб дароварданд. 

Инчунин, дар рафти Аксияи ҳизбӣ зиёда аз 65  бех дарахтони сояфкан ва ороишии ҳамешасабз шинонида шуданд.

Икдоми неку ватандӯстонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониёнро сокинони меҳанпарасти деҳаи номбурда  ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ният доранд дар оянда низ чунин корҳои созандагиву бунёдкориро дар амал татбиқ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg