БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар таъмини зиндагии арзанда бештар меӽнат мекунем!

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии “Охҷар 2”-и ҷамоат деӽоти ба Миралӣ Маӽмадалиев тибқи ҷадвали хонишӽои сиёсии Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ ва оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ӽизбӣ таӽти унвони “Якҷоя ӽал мекунем!” барои нимсолаи аввали соли 2019 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза, муовини раиси Кумитаи иҷроия Шаӽноза Раҷабова ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Манучеӽри Хуршед хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбӣ баргузор гардид.

Сафарова Ӽафиза атрофи самтӽои афзалиятноки фаъолияти ӽизбӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки ӽадафи баргузории корӽои ободонӣ ин тарғиби аксияи номбурда, сафарбар намудани сокинон ба корҳои ободониву созандагӣдар доираи Аксияи ҳизбӣ, ки ба ободии Ватан ва  дар сатҳи баланди сиёсӣ истиқбол гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ин иқдомро аъзои фаъоли ӼХДТ бо хушнудӣ пазируфтанду якдилона ба ҳашари умумӣ  баромада, дарахтони сояафкан ва мевадиӽандаро шинониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg