БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Беҳтарин хайр дасти ятимону дармондагон ва беморону бечорагонро гирифтан аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки муовини-раис мудири шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон ва мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Садоқат»-и ҷамоати шаҳраки Балх ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ Содиқова Меҳрубон оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Пешвои миллат нахуст вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2018-ро соли воқеан соли таърихӣ унвон намуданд. Зеро дар самти сиёсати хориҷӣ воқеан ҳам соли 2018 бо оғози расмии татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, ба сатҳи шарики стратегӣ боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар самти сиёсати дохилӣ ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО-и Роғун, пурра татбиқ ёфтани ҳадафи дуюми стратегии кишвар, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ва дигар дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба соли таърихӣ дар ҳаёти кишвар табдил ёфт.

Инчунин оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, роҳандозӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" ба як нафар кӯдаки ниёзманд бо маблағи сад сомонӣ маводи хӯрока кумак карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg