ВОСЕЪ.Бо мақсади вусъат бахшидан ба корӽои созандагиву бунёдкорӣ, ободонии маӽали зист, бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №2”-и ҷамоат деӽоти М. Вайсов бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Манучеӽри Хуршед ва аъзоёни фаъоли ӼХДТ вохȳрӣ гузаронида шуд.
Зимни вохȳрӣ Сафарова Ӽафиза атрофи самтӽои афзалиятноки фаъолияти ӽизбӣ ва оиди бетараф набудан баӽри солимии ҷомеа суханронӣ намуданд.
Баъдан кормандони Кумитаи иҷроияи ӼХДТ якҷоя бо кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур дар рафти корҳои ободонӣ бо як ҳисси ватандустӣ, баҳри боз ҳам зебо ва шукуфоии саӽни беморхона ва беруни он саҳми худро гузоштанд.
Иштирокдорони корӽои ободонӣ дар назди беморхона дарахтони сояафкан шинониданд ва гирду атрофи онҷоро аз рȳбу чин намуда, аз партовӽо тоза намуданд.