ВОКУНИШ. Табиати иғво андохтан, бадбинӣ, дурӯғгӯӣ, ҳақиқатро инкор кардан, дар ҳаққи касе ва чизе ғаразгӯӣ кардан хоси наҳзатиён ва роҳбарашон Кабирӣ аст. Чунин одамон омодаанд, барои манфиати шахсӣ аз баҳри тамоми муқаддасот – Ватан, миллат, мазҳаб, хонаю дар гузаранд. Онҳо барои расидан ба мақсади нопоки худ ҳозиранд, ҳазорҳо одамонро кушта гузоранд, миллионҳо ҳамватанонро ватангадо, яъне гуреза кунанд, садҳо кӯдакро ятиму бепарастор намоянд.
Ҳамаи инро мардуми мо дар симои наҳзатиён ба чашми худ диданд ва солҳои навадум бо гуноҳи нобахшидании онҳо тамоми хорию зориро аз сар гузаронданд.
Вақте аз он рӯзҳо ёдовар мешаванд, шоҳидони ҳол аз Худо илтиҷо менамоянд, ки дигар он рӯзҳои мудҳиш ба сари мардум наояд.
Имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки Кабирӣ ва думравонаш аз карда пӯшаймон нестанд. Онҳо гуноҳи дар назди Ватан, миллат ва дину мазҳаб кардаашонро дар ин дунё шустан намехоҳанд. Яъне иқрор намегарданд, ки маҳз бо дастури хоҷагони хориҷӣ ва бо иғвоандозии онҳо миллат, ду бародари як падару модари тоҷик ба муқобили якдигар бархестанд.
Баъди тираш ба ҳадаф нарасиду амали хиёнаткоронааш ошкор гардид, дума ҳода карда, рӯ ба гурез овард. Албатта дар Ғарб худро мӯсичаи беғуноҳ ва гурезаи сиёсӣ муаррифӣ намуда, то имрӯз аз сомонаҳои интернетӣ нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҳукумати мамлакат суханҳои подарҳавои ғаразона паҳн менамояд.
Кабирӣ ту гумон накун, ки мардуми кишвар чизеро намедонаду ту гулашон мезанӣ. Мо хуб медонем тӯҳмат задан, иғво андохтан ин вазифаи ту ва ба ибораи дигар ҷойи кори туст. Мо хеле хуб медонем, ки барои ин амали пасти инсонӣ ба ту маблағ медиҳанд ва аз пули ҳаром вуҷуди фарзандонатро чун забон ва вуҷуди ҳароми худ ҳаром мегардонӣ. Он чи ту мегӯӣ ва менависӣ дар назди мардуми сарбаланди тоҷик қадре надорад. Зимни ташкили саволу ҷавоби видеоии Кабирӣ дар баробари бисёр маккор буданаш, хислати дигараш ҳам аён шуд, ки хоси арӯсон аст. Одатан арӯсон дар бари худ дугонаҳои аз худашон безебтар мегиранд, то дар маҷмуъ зебову дилфиреб намоянд. Кабирӣ ҳам ба сифати модератори сӯҳбатҳои худ Алим Шерзамонро, ки бо лакнат сухан мегӯяд, интихоб кардааст, то дар фони ӯ хушсухании худро ба намоиш гузорад. Ҳол он ки дар ду суҳбати кардааш гапи наве, ки кирои шунидан дошта бошад, нагуфт.
Мо, сокинони мамлакат ҳамарӯза шоҳиди як дастовард ,бунёди як иншооти бузурги аср мегардем. Тоҷикистон дигар он Тоҷикистон нест, ки 10- 15 сол пеш буд. Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад ва сатҳи зиндагии мардум пайваста боло меравад. Агар касе ба ин дастовард ва пешравиҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ғаразона нигарад ва меҳнату заҳмати Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нодида гирад, Худо кӯраш мекунад.
Сухани пандомези дигаре ҳам ҳаст, шояд ту надонӣ.Чунки як умр дар орзуи пул ҳастию курсии роҳбарӣ. Иншоолоҳ ҳар дуяш ҳам насибат намекунад. Мегӯянд, кӯр асояшро як бор гум мекунад. Мардуми мо аз қафои шумо ҳайвонҳои одамсурат рафта, як бор асояшонро гум карданд, (фиреб хӯрданд) дубора онҳоро ба доми тазвир андохтан, ба муқобили давлат бархезонидан аз имкон берун аст. Ҳоло ҳам, ки зинда ҳастӣ ба ту ҳамчу одами рӯзгордида тавсия медиҳам, ки дар назди Ватан ва миллат аз он амалҳои ношоистаат тавба кун. Шояд дар гӯр бо ин амалат оромтар бихобӣ.
Сад бор бадӣ кардию шарми ту наомад,
Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ.
Сайҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.