БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимм ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад

Ш.ШОҲИН.Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидои «Суғурта»  ба ҷомеа баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ Неъматов Абдуҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, дар бораи моҳияти Паёми Пешвои миллат, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла муқовимат бо коррупсия ҳамчун вабои аср суханронӣ  намуда,  зикр кард, ки ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg