ВОКУНИШ. Воқеан имрӯз Ҷумҳурии Тоӌикистон бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ӌумҳурии Тоӌикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз давлатҳои дорои фарҳанги ӻанӣ ва рӯ ба тараққиёти ӌаҳонӣ гардидааст.
Яке аз падидаҳои номатлуби замони муосир ин ифротгароӣ ва терроризм мебошад, ки зуҳуроти номатлуб ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад.
Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар замони мо ҳизбу ҳаракатҳо ва созмону паймонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.
Баъзе аз чунин гурӯҳҳо ва ашхоси кӯрбину нотавонбинони давлату миллати кӯҳанбунёд шукуфоиву пешрафти кишвари моро нодида гирифта, пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба самти Тоҷикистони соҳибистиқлол санги маломат зада истодананд, ки ин амалкарду кирдорҳои зишти онҳо ба ҳақиқат наздик нест.
Дар ибтидои солҳои 90-ум саркардагону намояндагони ТЭТ ҲНИ, ки имрӯз бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» ва ҷунбиши «Озодандешон» ниқоб иваз намудаанд, тавассути хоҷагони хориҷиашон дар меҳани азизамон ҷанги хунини бародаркӯшро аланга дода буданд. Ин хоинони кӯрдил миллатро дар ҳоли парокандагиву давлатро ба завол рӯ ба рӯ сохтанду касофатии ғайриинсонгароёнаи онҳо то ҳанӯз аз ёдҳо зудуда нашудааст.
ТЭТ ҲНИ ва «Паймони миллии Тоҷикистон» бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мақолаҳояшон аз ТЭТ ҲНИ, «Паймони миллии Тоҷикистон», гурӯҳи 24 ва ҷунбиши «Озодандешон» пуштибонӣ намуда, ба қавле худ ва ҳамтоёнашро аз об соф баровардани мешаванду амалкардҳои ифротгароёнашонро ҳамчун қаҳрамонӣ медонанд. Аммо ин хоинон ва «шореҳони сиёсии онҳо» як чизро бояд донанд, ки ҳаргиз ҷурму гуноҳ ва хиёнат ба давлату миллат бо об тоза намешавад ва нахоҳад шуд.
Бо хондани мақолаҳои онҳо дар саҳифаҳои шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ва «isloh.net» зери мавзӯъҳои Тоҷикистону тоҷикбадбинонаашон мо шаҳрвандони бедордилро бетараф нагузошта, водор ба он месозад, ки қалам бар даст гирифта, андешаҳои худро нисбати чунин мақолаҳои бемағзу бепояи ашхоси кӯрдилу асолатбохтаи дайдуе, ки ба бемории ҳорӣ гирифторанду ҳангоми дарафтодан ба роҳгумзадагони навбатӣ мехоҳанд онҳоро низ ба маризӣ гирифтор намоянд, иброз намоем.
Тавре пештар аз расонаҳо огоҳ будем 4 созмони ба қавле “оппозитсионӣ” – ҳизби террористии наҳзати ислом ва се ташкилоте, ки худи наҳзатиёни хоин бо номҳои назарфиреб ба таври сунъӣ сохтаанд, яъне Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, дар Варшава ба таври масхараомез байни худ “созишнома” имзо кардаанд ва иттиҳоде бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис додаанд. Санаи 18 январи соли равон бошад, Кабирӣ аз тариқи шабакаи интернетии ютуб зимни саволу ҷавоб саҳнасозӣ карда, тавре вонамуд сохт, ки гӯё чанд гурӯҳро роҳбарӣ мекунаду дар ҳайати онҳо ашхосе берун аз доираи таъсири наҳзат фаъолият мекунанд.
Нахуст, хандадор ва шармовар аст ин паймонро “миллӣ” унвон кардан, зеро наҳзатиёни хиёнатпеша, ки тамоми афроди солимақл аз онҳо рӯй гардонд, радди маърака шуданд ва ба ҷуз хоҷагони хориҷиашон барои ҷомеаи солим нодаркор гаштанд, худашонро аввал пора-пора карданд ва баъд боз байни пораҳои худ “паймон” бастанд. Аҷаб мантиқе! Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофудин Гадоев ва Илҳом Ёқубов, ки гӯё чор гурӯҳи алоҳидаи “мухолифин”-ро намояндагӣ карданд, ҳамагӣ узви мафияи террористии наҳзат ҳастанд. Ба ин берӯгиву рӯсиёҳӣ, ки бе ягон зарра хиҷолат ин нафарон саҳнаи имзои созишномаро бозӣ мекунанд, ангушти ҳайрат газидан мумкин аст. Ин намоиши тақаллубӣ нишон дод, ки ҳизби наҳзатро ҳатто ҳизб ҳам гуфтан мумкин нест, ҳатто ҳизби террористӣ ҳам бошад. Онҳо гурӯҳе иборат аз чор қаллоби мардумфиреб ҳастанд.
Дар ин росто фаъолони ҷомеа, хусусан нафароне, ки дар дунёи сиёсат гармиву сардиҳои зиёдро дидаанд, бояд ба ҷавонон ҳушдор диҳанд, ки аз ин қаллобон барҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷуҳ ба сирксозиҳои ин қаллобон бештар ба рушду ободии Ватан таваҷҷуҳ намоянд. Ин бадхоҳон аллакай лухтаки дасти бегонагон гаштаанд ва режисёри ин саҳнаи онҳо хоҷагони хориҷиашон ҳастанд. Мақсади ягонаашон бошад ноором кардани фазои сиёсии Тоҷикистон аст.
Абдулҳафиз Қурбонов- и.в. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ