БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ояндаи фарзандони мо аз мактаб вобаста аст!

ШАҲРИТУЗ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз вохӯрӣ бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №8 баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Шаропов Ҳомидҷон, мудири шуъбаи таблиғот,  итилоот ва мабтуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳия Акрамов Раҳим ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Замонов Азиз иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Дар ин вохӯрӣ моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар ва эълон шудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, пешгирии шаҳрвандон аз  шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, террористиву   экстремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим,  иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  муҳокима карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg