ҶАЙҲУН. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Қумсангир» дар доираи ҷадвали чорабиниҳои сатҳи баланд дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрванди бо ҷалби шабакаи ТВТ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, вакили Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати деҳоти Қумсангир Асақолов Муродбек чорабинии ҳизбӣ доир гардид.
Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод баромад намуда, иброз дошт, ки инсоният дар кадом ҳолате, ки набошад, дар куҷое, ки зиндагӣ кунад, чӣ хурду бузург ба табиат ва ҳастиҳои он эҳтиёҷ дорад. Ҳар як инсонро қарзи бузурги инсонӣ он аст, ки ҳастиҳои табиати нодирро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад. Дар ободонӣ ва озодагии маҳали атроф кӯшиш намояд. Дар афзудани манбаъҳои бузурги табиӣ ҷаҳд кунад ва нагузорад, ки табиат рӯ ба завол оварад. Ободии кишвар ва тозагии муҳити зист танҳо ба одамон вобастагӣ дорад ва эҳтироми табиату манбаъҳои он қарзи ҳар як инсони асил аст.
Дар ин маъракаи муҳим дар доираи амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем» сокинони деҳаи Ҷуйбори Ҷамоати деҳоти Қумсангир бо як масъулияти баланди шаҳрванди ба ҳашари дастаҷамъона баромада, 400 бех дарахтони ҳамешасабзро шинониданд.