ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Марказ" хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиҷон Назаров баромад намуда, нуктаҳои дахлдори Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла ёдовар шуд, ки дар Паёми имсолаи худ Президенти мамлакат қайд намуданд, ки ҳоло дар кишвар 149 ҳазор нафар шахсони маъюб, 15 ҳазор нафар маъюбони гурӯҳи якум, қариб 27 ҳазор нафар маъюбони то 18-сола ва 71 ҳазор нафар ятимон умр ба сар мебаранд.
Маблағи умумие, ки ҳар моҳ аз ҳисоби буҷети давлат танҳо ба ятимон пардохта мешавад, беш аз 12 миллион сомонироташкил медиҳад.
Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем.
Сипас, қайд намуд, ки он нуктаҳое, ки дар боло қайд намудем маҳз ба самти фаъолияти Маркази кӯмаки иҷтимоӣ дар хона дахл дорад.
Ҷиҳати иҷрои дустуру супоришҳое, ки Президенти мамлакат ба масъулин дода буданд, кормандони ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муваззаф мебошанд.
Дар охир ба ҳозирин тақвимҳои кисагӣ, деворӣ ва рӯйимизӣ дастрас карда шуд.