БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҳизби ташаббускору ҳидоятсоз аст

КУШОНИЁН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии “Бахши меъморӣ”-и ноҳия вохӯрӣ  баргузор намуданд.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҳизб, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” , омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

Сипас, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор карда шуда, ба се нафар кормандони ниёзманди ташкилот Иброҳимова Санавбар, Муродова Саида ва Абдушаҳидов Нусрат кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

Икдоми неку ватандӯстонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониёнро иштирокдорон ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ният доранд дар оянда низ чунин корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва хайру сахоро  дар амал татбиқ намоянд.

Дар фарҷом аз кормандони ташкилоти ибтидоии “Бахши меъморӣ” даъват ба амал оварда шуд, ки бо дилу нияти соф ва ҳисси баланди масъулиятшиноси фаъолият намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg