БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём: Сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар роҳнамои беамсол

БОХТАР.Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар нимаи якуми соли 2019 ва ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷасорат» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан  ва Исоев Фаррух иштирок дошта, оид  ба ҳадафу маром ва муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда,  қайд кард, ки дар Паёми Пешвои миллат масъалаҳо дар доираи соҳаҳои муҳимми ҷомеа – молия, саноат, иқтисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, экология, сайёҳӣ ва рушди деҳот, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон, ҳуқуқу волоияти қонун, амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ барои соли 2019 мушаххас гардиданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъулин  оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва вазифаҳои ҳизбиён дар татбиқи ҳадафу мароми Паёми Пешвои миллат андешаронӣ  карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg